Душанбе: Боздошти донишҷӯ бо ҳудуди 800 грамм героин

Кормандони мақомоти милисаи пойтахт дар канори шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Р.А.-и 22-соларо боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ ҳудуди 800 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира карда шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, […]

Аваз Юлдошев


Кормандони мақомоти милисаи пойтахт дар канори шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Р.А.-и 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ ҳудуди 800 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, боз аз як ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ пешгирӣ шудааст. Аз рӯйи далели дар манзили зисти шахсӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир сокини бекори 53-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа И.Ш. боздошт шудааст.

«Дар манзили зисти боздоштшуда аз пинҳонгоҳи махсус 3,3 кило маводи мухаддири афюн ва ҳашиш кашф ва мусодира гардид», – гуфтанд дар ВКД.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, айни замон боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доранд ва корҳои татфишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.