Нигаронии медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз вазъи Маркази журналистикаи экстремалӣ

Роҳбарони медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз вазъи мавҷуда атрофи созмони шарикашон – Маркази журналистикаи экстремалӣ, ки сохтори ҳомии ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Русия аст, изҳори нигаронӣ карданд. Дар изҳороти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев ба унвони раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Всеволод Богданов гуфта мешавад, вазъи мазкур ба […]

Аваз Юлдошев


Роҳбарони медиа-созмонҳои Тоҷикистон аз вазъи мавҷуда атрофи созмони шарикашон – Маркази журналистикаи экстремалӣ, ки сохтори ҳомии ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Русия аст, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар изҳороти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев ба унвони раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Всеволод Богданов гуфта мешавад, вазъи мазкур ба нуфуз ва фаъолияти дигар созмонҳои журналистӣ дар қаламрави пасошӯравӣ таъсири манфӣ расонид.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар тӯли 12 соли фаъолият Маркази журналистикаи экстремалӣ ҳамчун созмони муҳофизи ҳуқуқҳои журналистон ва саҳмгузор дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақоми шоиста касб кард ва қатъи фаъолияти он бо айби муассис барои созмони бонуфузе чун Иттифоқи журналистони Русия лоиқи таҳсин нест.

Роҳбарони медиа-созмонҳои Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудаанд, ки Иттифоқи журналистони Русия роҳу воситаҳои пурсамари раҳоӣ аз вазъи мавҷударо дарёфта, ба фаъолияти мӯътадили Маркази журналистикаи экстремалӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, Маркази журналисткаи экстремалӣ бинобар сабаби ихтилофоти пайдошуда бо Иттифоқи журналистон Русия фаъолияти худро қатъ сохт. Татбиқи лоиҳаҳои маркази мазкур қатъ гардида, суратҳисобҳои бонкӣ баста ва директори марказ бо санаи қаблӣ дар фармон аз кор озод шудааст. Кормандони марказ хоҳиши тарки созмонро кардаанд. Дар Иттифоқи журналистони Русия гуфтаанд, норозигӣ ба фаъолияти марказ ба кори ғайриқаноатбахши кормандони кунунии он марбут будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.