Хадамоти муҳоҷират бастани шартномаи меҳнатиро тавсия медиҳад

Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия мушкилоти навбатии марбут ба пардохт нашудани маблағи пулии муҳоҷирзани тоҷик аз ҷониби корфармо ҳаллу фасл гардид. Тавре аз Дафтари матбуоти  Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР хабар доданд, муҳоҷирзани тоҷик Алиматова Матлуба,  истиқоматкунандаи деҳаи Куртаки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба намояндагии мазкур бо аризаи надодани […]


Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия мушкилоти навбатии марбут ба пардохт нашудани маблағи пулии муҳоҷирзани тоҷик аз ҷониби корфармо ҳаллу фасл гардид.

Тавре аз Дафтари матбуоти  Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР хабар доданд, муҳоҷирзани тоҷик Алиматова Матлуба,  истиқоматкунандаи деҳаи Куртаки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба намояндагии мазкур бо аризаи надодани музди меҳнаташ  аз тарафи ширкати  «Арт Клин Сервис»   ба маблағи  20.000 рубли русӣ  муроҷиат намудааст.

«Корманди Намояндагӣ А. Ӯрунов дар рафти санҷиши аризаи мазкур далелҳо оиди напардохтани музди меҳнати муҳоҷирзанро  аз тарафи корхонаи қайдгардида   тасдиқ  намуда,   пас аз вохӯрӣ   бо директори  ширкати «Арт Клин Сервис» музди меҳнати Матлуба Алиматова баргардонида шуд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия таваҷҷуҳи муҳоҷирони кории тоҷикро ба он ҷалб мекунад, ки сабабҳои асосии ба ин мушкилот афтодани муҳоҷирони меҳнатӣ,  ин вобаста ба ҷиҳатҳои пасти маънавиёти онҳо  доир   ба надонистани ҳуқуқу қоидаҳои коргарони хориҷӣ дар кишвари иқомат  мебошад.  Фисади зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  бе бастани шартномаи  меҳнатӣ  ё шаҳрвандӣ –ҳуқуқӣ  дар шакли хаттӣ  бо фармоишгарони кор , ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунон  муҳоҷирон  ба ӯҳдадориҳои меҳнатии худ, яъне кадом корро шурӯъ бояд кунанд ва дар кадом  мӯҳлат , инчунин андозаи маошашон ва мӯҳлати пардохти он диққати ҷиддӣ надода, дар охири кор ба асорати қарзии корфармоёни худ гирифтор мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.