Ҳ.Умаров: Тоҷикистон бояд сиёсати нави саноатиро таҳия созад

Сабаби асосии муҳоҷирати оммавӣ аз Тоҷикистон деиндустриализатсияи иқтисоди Тоҷикистон буда, дар сурати мавҷуд будани сохтори комилан дигари саноат ва роҳандозии сиёсати нави саноатӣ миқёси муҳоҷирони кории тоҷик бамаротиб камтар хоҳад буд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз ҳукуматдорон танҳо ба […]


Сабаби асосии муҳоҷирати оммавӣ аз Тоҷикистон деиндустриализатсияи иқтисоди Тоҷикистон буда, дар сурати мавҷуд будани сохтори комилан дигари саноат ва роҳандозии сиёсати нави саноатӣ миқёси муҳоҷирони кории тоҷик бамаротиб камтар хоҳад буд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки имрӯз ҳукуматдорон танҳо ба фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди аввалия машғул буда, ба истеҳсоли маснӯъоти тайёри саноатӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

Умаров зикр кард, ки сарвари давлат борҳо зарурати афзудани ҳиссаи коркарди нахи пахта барои истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар дохили кишварро таъкид кард, аммо он бо воситаҳои дахлдори иқтисодӣ таъмин намегардад.

Ба андешаи ӯ, ҷорӣ сохтани боҷи баланди гумрукӣ ба интиқоли нахи пахта ба хориҷи кишвар, содироти он ба дигар кишварҳоро пурмасраф сохта, соҳибкоронро манфиатдор месозад, ки онро дар дохили кишвар коркард намоянд. «Мутаносибан, бо суръати баланд саноати бофандагиву дӯзандагӣ ба барқароршаӣ оғоз мекунанд. Аз чунин иқдом метавон ҳамчунин дар саноати коркарди ашёи хоми маъдани кӯҳӣ, металлҳои аввалия, пиллаи абрешим ва ғайра низ кор гирифт», – иброз дошт вай.

Профессор бар ин назар аст, ки сиёсати саноатӣ бояд тарзе роҳандозӣ гардад, ки дар он тафовут миёни истеҳсоли маводи ашёи хом ва маҳсулоти тайёрӣ ниҳоӣ ба инобат гирифта шавад. «Чунин сиёсат ба ташкили миқдори зиёди ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати нисбатан шоиста шароит фароҳам меорад», – афзуд Умаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.