Русия: Ҳалокати се тоҷикистонӣ бар асари садамаи нақлиёт

Date:


Бар асари садамаи нақлиёт, ки шаби 5 ба 6-уми феврали соли равон дар километри 380-уми шоҳроҳи Санкт-Петербург – Маскав, дар ҳудуди шаҳри Валдайи вилояти Новгороди Русия рух дод, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-21150, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд, ба нақлиёти боркаши тамғаи Volvo FH13.440 (ФУРА), ки ба самти муқобили онҳо ҳаракат мекард, бархӯрда, дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расидаанд.

«Фавтидагон зодаи ноҳияи Бохтар Рустами Муроди 33-сола, сокини ҳамин ноҳия Обидҷон Саидмуродови 31-сола ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҳалимҷон Назарови 31-сола мебошанд», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони нақлиёти боркаш осеби ҷисмонӣ дида, дар ҳоли ҳозир дар шифохона қарор доранд.

Зикр гардид, ки ҷасадҳо 8 феврал тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода хоҳанд шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...