Хатлон: Ришваситонии узви комиссияи ҷумҳуриявии рафъи оқибати офатҳои табиӣ

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ узви комиссияи ҷумҳуриявии рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон Рустам Бобоев боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, Р.Бобоев ба ришваситонӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА гумонбар дониста шуда, нисбати ин амали ӯ дар шӯъбаи […]

Турко Дикаев


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ узви комиссияи ҷумҳуриявии рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон Рустам Бобоев боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, Р.Бобоев ба ришваситонӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА гумонбар дониста шуда, нисбати ин амали ӯ дар шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар минтақаи Кӯлоб мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Муайян карда шуд, ки боздоштшуда аз сокини шаҳри Кӯлоб бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист 500 доллари ИМА пора гирифтааст», – гуфт А.Холов.

Ёдрас мекунем, ки барои осебдидагони шаҳри Кӯлоб аз офати табиӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2010 бо дастгирии тамоми корхонаву ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар 615 адад манзили зист сохта шуда, садҳо тан аз осебдидагон соҳиби қитъаи замин шуданд. Дар масъалаи таъминот бо манзили зист ва қитъаи замин як қатор нофаҳмиҳо рух дода, дар 7 ҳолат кор то ба баррасии суд расид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.