Русия: Ҳалокати се тоҷикистонӣ бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шаби 5 ба 6-уми феврали соли равон дар километри 380-уми шоҳроҳи Санкт-Петербург – Маскав, дар ҳудуди шаҳри Валдайи вилояти Новгороди Русия рух дод, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-21150, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд, ба нақлиёти […]


Бар асари садамаи нақлиёт, ки шаби 5 ба 6-уми феврали соли равон дар километри 380-уми шоҳроҳи Санкт-Петербург – Маскав, дар ҳудуди шаҳри Валдайи вилояти Новгороди Русия рух дод, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-21150, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд, ба нақлиёти боркаши тамғаи Volvo FH13.440 (ФУРА), ки ба самти муқобили онҳо ҳаракат мекард, бархӯрда, дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расидаанд.

«Фавтидагон зодаи ноҳияи Бохтар Рустами Муроди 33-сола, сокини ҳамин ноҳия Обидҷон Саидмуродови 31-сола ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҳалимҷон Назарови 31-сола мебошанд», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, мусофирони нақлиёти боркаш осеби ҷисмонӣ дида, дар ҳоли ҳозир дар шифохона қарор доранд.

Зикр гардид, ки ҷасадҳо 8 феврал тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода хоҳанд шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.