Тағйирот дар ҳаҷми нафақаи маъюбони гурӯҳи аввал

Мутобиқи тағийроти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуд, сарфи назар аз ҳаҷми нафақа, пас аз марги нафақахӯр ба хешовандонаш ба сифати кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст), яъне 800 сомонӣ маблағи пулӣ дода […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи тағийроти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз дар палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуд, сарфи назар аз ҳаҷми нафақа, пас аз марги нафақахӯр ба хешовандонаш ба сифати кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 20 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст), яъне 800 сомонӣ маблағи пулӣ дода мешавад.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор кард, ки тағйироти мазкур барои бартараф кардани коррупсия, тарзи дурусти ҳисоби маблағи суғурта, пардохти нафақа тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» ва ҳамчунин муайян сохтани ҳаҷми умумии пардохти нафақа пас аз марги нафақахӯрон равона гардидаанд.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар зимни суханронӣ гуфт, тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳифзи иҷттимоии шаҳрвандон нигаронида шуда, агар панҷ сол қабл барои пардохти маблағи нафақа дар Тоҷикистон 650 млн. сомонӣ маблағ масраф мегардид, пас ҳаҷми он дар соли  равон беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. «Мутобиқи тағйироти воридшуда, акнун ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбони гурӯҳи аввал 800 сомониро ташкил хоҳад дод», – афзуд Ш.Зуҳуров.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.