Баҳси Тӯраҷонзодаҳову муфтӣ: алҳол созиш ба даст наомад

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи сеюми кушоди судӣ оид ба даъвои рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода идома ёфт. Даъвогарон бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муфтиро дар тӯҳмат нисбати худ ва тақаллубу сохтакорӣ дар изҳороти Шӯрои уламо айбдор медонанд. Дар изҳороти мазкур оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузор […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи сеюми кушоди судӣ оид ба даъвои рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода идома ёфт.

Даъвогарон бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муфтиро дар тӯҳмат нисбати худ ва тақаллубу сохтакорӣ дар изҳороти Шӯрои уламо айбдор медонанд. Дар изҳороти мазкур оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузор намудани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди оилавии худ – «Муҳаммадия» гунаҳкор шуда буданд.

Раиси Шӯрои уламо гуфт, аризаи даъвогии Тӯраҷонзодаҳо танҳо аз болои як нафар – муфтӣ дода шудааст ва ин дар ҳолест, ки зери изҳорот ҳамаи аъзои Шӯрои уламо имзо гузоштаанд.

Дар навбати худ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки ба «коллективӣ» будани изҳорот шубҳа дорад, зеро ӯ шахсан бо 80%-и аъзои Шӯро сӯҳбат карда, онҳо эътироф намудаанд, ки ба имзо гузоштан онҳоро маҷбур кардаанд.

«Имзои аъзои Шӯрои уламо пас аз пешниҳоди аризаи даъвогии мо бо кӯмаки КДАМ ҷамъоварӣ шудааст. Аъзои Шӯрои уламо омодаанд, ки ба суд ҳозир шуда, ошкоро дар ин бора ҳарф зананд», – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламо гуфт, тамоми аъзои Шӯро, ки зери изҳорот имзо гузоштанд, қаблан бо матни он шинос гардида буданд. Бино ба маълумоти вай, Шӯрои уламо 25 нафар аъзо дорад ва дар маҷлисе, ки изҳорот қабул шуд, 14 нафар ҳузур дошта, аъзои боқимонда нусхаи изҳоротро гирифта буданд.

Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода ҳангоми танаффус дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки агар ҳамаи аъзои Шӯро тасдиқ намоянд, ки зери изҳорот имзо гузоштаанд ва агар раиси Шӯрои уламо ба иштибоҳи худ иқрор шуда, дар дар ҳузури  умум аз онҳо узр бипурсад, ба даст кашидан аз даъвои худ омода аст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, дар он оилаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузор намудани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гунаҳкор донист ва аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуда буд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки «бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад».

Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро, ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ манъ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.