Мулоқоти мақомоти раҳбарии БМТ бо сарварони ташкилотҳои қарзӣ

Дар ҷаласаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанде қабл бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид, масъалаҳои асосии рушди низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи дилхоҳи таваррум ва рушди воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанде қабл бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид, масъалаҳои асосии рушди низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи дилхоҳи таваррум ва рушди воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни суханронии худ диққати аҳли маҷлисро ба инкишоф додани хизматрасониҳои молиявию бонкии электронӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла қарзҳои дарозмӯҳлат барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, андешидани чораҳо барои таъмини бозгашти қарзҳои мушкилситон, рушди бозори коғазҳои қиматнок, баланд бардоштани устувории молиявӣ ва фоиданокии бонкҳо, инкишофи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷалб намуд.       

Тавре номбурда изҳор намуд, заиф шудани вазъи молиявии бонкҳо метавонад ба вазъи умумии иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар фаъолияти хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд ва дар рушди бахши воқеии иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ саҳми худро гузоранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва Ассотсиатсияи бонкҳои ҷумҳурӣ перомуни мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани вазъи низоми бонкии кишвар фикру андешаҳо ва пешниҳодоти худро баён намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.