Суди Хатлон шикояти халабон Садовничийро бозпас баргардонд

Суди вилояти Хатлон шикояти халабони ширкати Rolkan Investments Ltd, шаҳрванди Русия Владимир Садовничийро бозпас баргардонд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи халабон Ғулом Бобоев изҳор дошт, шикоят бинобар сабаби мутобиқат накардан ба қонунгузории кишвар баргардонида шудааст. «Дар посухи суд гуфта мешавад, сабаби баргардонидани шикоят мутобиқат накардани он ба моддаҳои 403 ва 406-и Кодекси мурофиавии ҷиноии […]

Сайраҳмон Назриев


Суди вилояти Хатлон шикояти халабони ширкати Rolkan Investments Ltd, шаҳрванди Русия Владимир Садовничийро бозпас баргардонд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи халабон Ғулом Бобоев изҳор дошт, шикоят бинобар сабаби мутобиқат накардан ба қонунгузории кишвар баргардонида шудааст.

«Дар посухи суд гуфта мешавад, сабаби баргардонидани шикоят мутобиқат накардани он ба моддаҳои 403 ва 406-и Кодекси мурофиавии ҷиноии ҶТ аст. Ғайр аз ин, ба шикоят «бо тартиби муқарраршуда» нусхаи ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ва 8-уми ноябри соли 2011 ва таъиноти ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Хатлон аз 22-уми ноябри соли 2011 дар бораи парвандаи мазкур замима нашудааст», – гуфт вай.

Ба қавли вакили мудофеъ, мутобиқи талаботи қисми 1, моддаи 407-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, агар эътироз ё шикоят ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи моддаи 406 Кодекси мазкур набошад, он аз ҷониби судя дар мўҳлати як моҳ аз рўзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ  баргардонида мешавад.

«Дар фурсати наздиктарин камбудиҳои ҷойдошта дар шикоят ислоҳ шуда, он дубора ба суди вилояти Хатлон пешниҳод карда мешавад», – афзуд Бобоев.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Пас аз бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ гардидани парванда, додгоҳи вилояти Хатлон мӯҳлати ҷазои ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Rolkan Investments Ltd»-ро то ба 2 солу 6 моҳу 10 рӯз кам карда, бо назардошти истифодаи қонуни афв нисбат ба онҳо ва муддати зиёда аз 6 моҳ дар маҳбас қарор доштанашон, онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд. Мутобиқи қарори додгоҳ, ба онҳо машғул шудан ба идораи ҳавопаймоҳо ба муддати чаҳор сол манъ карда шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.