Даъвати расмии вазири корҳои хориҷии Чин ба конфронси RECCA-V

Вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, расман даъват карда шуд. Бино ба маълумоти хдадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Чин, сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Чин Рашид Олимов ва Султон Аҳмад Баҳин даъватномаро ба директори генералии департаменти […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, расман даъват карда шуд.

Бино ба маълумоти хдадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Чин, сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Чин Рашид Олимов ва Султон Аҳмад Баҳин даъватномаро ба директори генералии департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ло Чжаохуэ супурдаанд.

Зимни мулоқот дипломати тоҷик дар бораи ҷараёни омодагӣ ба конфронси RECCA-V, доираи иштирокчиён ва барномаи пешакии он бо шумули чорабиниҳо аз қабили конфронсу симпозиумҳои илмӣ ва ғайра маълумоти муфассал дод.

Р.Олимов таъкид кард, ки «Чин дар рушди Афғонистон ҳамчун кишвари ҳамсоя ва узви Шӯрои Амнияти СММ нақши муҳим дорад ва дар талоши дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Афғонистон саҳми босазо мегузорад».

Дар навбати худ Ло Чжаохуэ зикр кард, ки Чин ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳи хосса дорад ва дар кори конфронс фаъолона ширкат хоҳад варзид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.