Баррасии сиёсати макроиқтисодии Тоҷикистон дар Душанбе

Чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба дурнамои макроиқтисодӣ ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон конфронс доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар кори конфронс намояндагони Вазорати молия, Бонки миллӣ, Агентии давлатии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, аъзои парлумон, устодони макотиби олӣ, кормандони илмии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба дурнамои макроиқтисодӣ ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон конфронс доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар кори конфронс намояндагони Вазорати молия, Бонки миллӣ, Агентии давлатии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, аъзои парлумон, устодони макотиби олӣ, кормандони илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва журналистони тахассуси масоили иқтисодӣ ширкат варзиданд.

Дар назди иштирокдорони конфронс Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Сафир ва Роҳбари ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдвард Ауэр, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен, Директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳаммадиева ва дигарон маърӯза намуданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур як қисмате аз лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо – «Рушди моделикунонии макроиқтисодӣ ва пешгӯйӣ дар Тоҷикистон» маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни конфронс намояндагони Вазорати рушди иқтисод зикр карданд, ки солҳои наздик сарфи назар аз таъсири иқтисоди ҷаҳонӣ, ки айни замон ба бӯҳрони начандон назаррас мувоҷеҳ аст, рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи 6-7% дар як сол боқӣ монда, он ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.  

Ҳамчунин сиёсати макроиқтисодӣ ва ҳадафҳои рушди иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, нақши барномаҳои ҳукуматӣ ва ислоҳот ҷиҳати рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моделҳои макроиқтисодӣ ҳамчун воситаи таҳлил ва баҳодиҳии сиёсати иқтисодӣ, ҳадафҳо ва масоили амалии дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ченкунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, тамоюлоти макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон низ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.