Сафирони Тоҷикистону Ҷопон дар Исломобод мулоқот оростанд

Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Покистон Чихир Атсуми мулоқот намуд. Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Ҷопон, вазъи минтақа ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Покистон Чихир Атсуми мулоқот намуд.

Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Ҷопон, вазъи минтақа ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.

 Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов нақши махсуси Ҷопонро дар минтақа таъкид сохта, кумаки ҳамаҷонибаи онро нисбати кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, баланд арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки Ҷопон дорои имконоти васеи мусоидат ба рушди иқтисодии Афғонистон мебошад, аз ин лиҳоз ҷониби Тоҷикистон изҳори умед намуд, ки ҷониби Ҷопон дар Конфронси RECCA V дар Душанбе ширкат хоҳад варзид.

Дар навбат худ, Сафири Ҷопон Ч. Атсуми тасдиқ намуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон ва тамоми минтақа барои кишвари ӯ хеле муҳим мебошад. Тибқи гуфтаҳои ӯ, Ҷопон минбаъд ҳам барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо талош хоҳад кард. Бахусус, ӯ баҳри мусоидат ба самаранокӣ ва дар сатҳи баланд гузарондани Конфронс ибрози омодагӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.