Таъини сармураббии хориҷӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Date:


Мутахассиси 46-солаи босниягӣ Кемал Алиспахич сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Тавре котиби матбуотии Федератсияи фуболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, К.Алиспахич соҳиби иҷозатномаи дараҷаи PRO аст. «Вохӯрии аввалини дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав рӯзи 29-уми феврал бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ки ин вохӯриии охирини даста дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аст», – гуфт вай.

Ба қавли номбурда, сипас сармураббии нав дастаро ба Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2012, ки 8-уми март дар Непал оғоз мегардад, омода хоҳад кард. «Дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳи бо дастаҳои Ҳиндустон (9 март), Кореяи Шимолӣ (11 март) ва Филиппин (13 март) қувваозмоӣ мекунад», – иброз дошт Ф.Солиев.

Қобили зикр аст, ки Кемал Алиспахич, қаблан дар дастаҳои “Сараево”, “Железничар” (Сараево), “Слобода” (Ужитсе, Сербия), “Дуйсбург” (Олмон), “Кайсериспор” (Туркия) ва “Лозанна-Спорт” (Швейтсария)  ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардааст.

 Сар аз соли 1997 ӯ ба сифати армураббии тимҳои “Лозанна” (U-21, Швейтсария), КФ “Этагниерес” (Швейтсария), “Железничар” (Босния ва Герсоговина), “Сараево” (Босния ва Ҳерзеговина), “Сабо” (Эрон), НК “Единство” (Бихач, Босния ва Ҳерзеговина), “Муган”(Саляни, Озарбойҷон), “Ал-Иттиҳод”(Алеппо, Сурия) ифои вазифа намудааст.

Алиспахич чун сармураббӣ дар се чемпионат ва Ҷоми Босния ва Гертсеговина пирӯз шуда, ду маротиба Суперкубоки Босния ва Гертсеговина, як маротиба Ҷоми Сурияро соҳиб шудааст.  

Сармураббии пешини дастаи мунтахаби Тоҷикистон Олимҷон Рафиқов дастаи «Истиқлол»-и Душанберо ба чемпионати соли равони ҷумҳурӣ ва мусобиқоти даври интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки моҳи май баргузор мешавад, омода мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...