Интишори маълумоти Барномаи «Кор ва саёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012»

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълумот дар бораи Барномаи «Кор ва саёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012»-ро интишор кард. Дар иттилоияи расида аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, донишҷӯёне, ки  барои иштирок дар барномаи «Кор ва сайёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012» (SWT) ҳавасманд ҳастанд, бояд донанд, ки ин барномаи кӯтоҳмуддати мубодилаи фарҳангист […]

ASIA-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълумот дар бораи Барномаи «Кор ва саёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012»-ро интишор кард.

Дар иттилоияи расида аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, донишҷӯёне, ки  барои иштирок дар барномаи «Кор ва сайёҳати тобистона дар ИМА дар соли 2012» (SWT) ҳавасманд ҳастанд, бояд донанд, ки ин барномаи кӯтоҳмуддати мубодилаи фарҳангист . Иштирокчиён бояд дарк намоянд, ки онҳо имконияти ба даст овардани маблағи кофӣ бо мақсади ба Тоҷикистон фиристонданро надоранд. Барномаи мазкур  ба ҳазорон толибилмони донишгоҳҳо ва институтҳои байналмиллӣ барои сафар кардан ба ИМА ва сайкал додани фаҳмиши худ дар бораи фарҳанг ва арзишҳоиАмрико  имконият фароҳам меоварад. 

Ба иттилои манбаъ, барои гирифтани раводид ҷиҳати иштирок дар барномаи SWT, довталабон бояд қобилияти хешро ҷиҳати пардохти сафар ба ИМА ва бозгашт, хароҷотҳое, ки то гирифтани маоши якум метавонанд ба вуҷуд оянд, нишон диҳанд. Қабл аз ариза додан ба барнома, довталабон бояд хароҷотҳоро , аз он ҷумла хароҷотхо барои хадамоти кӯмакрасон ва пардохти аризаи раводидро хуб омӯзанд  ва бояд дарк намоянд, ки маблағе, ки тавассути ин барнома ба даст оварда мешавад, танҳо барои харҷи зиндагии ҳадди ақал дар ИМА кифоя аст.

Инчунин довталабони болаёқат барои барномаи SWT бояд  ба чунин талаботҳо  ҷавобгӯ   бошанд:

– Довталабони барномаи SWT бояд донишҷӯёни донишгоҳи олии аккредидатсияшуда бошад, ки бо мақсади гирифтани унвон фаъолона таҳсил мекунад.  Ӯ бояд як семестри хонишро бо муваффақият хатм карда бошад.

– Довталабони барнома бояд забони англисиро хуб донанд.

– Довталабон бояд  аз сарпарасти ИМА  даъватнома барои кор дошта бошанд.

Зикр мегардад, ки довталабони  тоҷик барои кор кардан дар ИМА танхо ҳангоми таътили расмии донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз 1 июл то 31 август ҳуқуқ дошта, рад кардани раводид ҳатто ба  он довталабоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ин талаботҳоянд, аз эҳтимол дур нест.   Ҳар як довталаб бояд ба талаботҳои  қонуни муҳоҷиратии ИМА ҷавобгӯ бошад. Бахусус, довталаб  бояд робитаҳои молиявию ҷамъиятӣ ва  оилавии хешро дар Тоҷикистон исбот намуда, нияти хешро ҷиҳати бозгашт ба Тоҷикистон ва давом додани таҳсил  аз рӯзи аввали хониш тасдик намояд.  Ба довталабе, ки ҷавобгӯи конуни раводиди Амрико ва қоидаҳои барномаи SWT нест, раводид рад карда мешавад. Дар Тоҷикистон ширкатҳои LLC VisaCom, Oscar Travel LLC, ва International Exchange Center  бо сарпарастони ИМА оид ба барномаи мазкур хамкорӣ  мекунанд. Ин ширкатҳо  барои гирифтани таклиф аз корфармо мусоидат менамоянд, вале гирифтани раводидро кафолат намедиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.