Хадамоти муҳоҷират ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд

Date:


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур хабар доданд, як гурӯҳи бинокорони муҳоҷири тоҷик таҳти сарварии Темур Зайниддинови 47-сола ба намояндагӣ ҷиҳати кӯмак ба ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби корфармо муроҷиат кардаанд.

«Маълум шуд, ки онҳо тамоми ӯҳдадориҳои худро тибқи шартнома дар назди ҶСП «Уралтяжтрубстрой» (ш. Первоуралски вилояти Свердловск) ба иҷро расонида, дар муддати чор моҳ корфармо ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт намекунад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо дахолати намояндагӣ муяссар шудааст, ки дар масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирон аз моҳи октябри соли 2011 дар ҳаҷми пурра мувофиқа ҳосил шавад.

«Ҳамин тариқ, рӯзи 9-уми феврал муҳоҷирони тоҷик музди меҳнати чормоҳаи худро пурра дар ҳаҷми ҳудуди 283 ҳазор рубл гирифтанд», – афзуд манбаъ.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...