Чанде қабл мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорат бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти сарварии Сафир оид ба супоришҳои махсус Ли Фэнлин баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитойро таъкид намуда, бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар ояндаи наздик табодули назар карданд.
Зикр гардид, ки ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои барқарорсозии Афғонистон ва баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27.03.2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.


