Бознигарии арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев оид ба масъалаи ба тартиб овардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва танзими тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд. Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, дар ҷаласа шахсони масъули соҳаи мазкур, вакилони маҷлиси вакилони халқи пойтахт, намояндагони ҷамъиятҳои саҳҳомии машғул […]

Аваз Юлдошев


Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев оид ба масъалаи ба тартиб овардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва танзими тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, дар ҷаласа шахсони масъули соҳаи мазкур, вакилони маҷлиси вакилони халқи пойтахт, намояндагони ҷамъиятҳои саҳҳомии машғул ба ҳамлу нақли мусофирон ширкат варзиданд.

«М.Убайдуллоев бо лоиҳаи пешниҳодшудаи хадамоти дахлдори шаҳр оид ба боло бурдани тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт шинос шуда, онро ҷиҳати бознигарӣ бозпас баргардонд.  Лоиҳа бо хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумат ва комиссияҳои ҷамъиятии шаҳр мувофиқа шудааст. Раиси пойтахт тасмими худро бо он асоснок намуд, ки тарофаҳои нав ба талаботи ҳифзи иҷтимоии категорияҳои ҷудогонаи шаҳрвандон ҷавобгӯ нестанд», – иброз дошт Ш.Саидов.

Ба қавли ӯ, М.Убайдуллоев хадамоти дахлдори пойтахтро муваззаф сохт, ки дар муддати ду ҳафта масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи такмилёфтаро ҷиҳати баррасии такрорӣ пешниҳод намоянд.

«Таваҷҷуҳи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба он равона гардид, ки бо мақсади истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва кӯмак ба категорияи имтиёздор такмили қонунгузории мавҷудаи кишвар зарур аст», – афзуд Ш.Саидов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.