Баррасии масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону AKDN

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунир Мералӣ мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот Ш.Раҳимзода изҳор доштааст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани […]

ASIA-Plus


Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунир Мералӣ мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот Ш.Раҳимзода изҳор доштааст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибот бо Созмони Оғохон оид ба рушд ҳамеша омода аст.

Мунир Мералӣ дар навбати худ атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, молия ва бонкдорӣ, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, ҷоннок кардани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, инчунин тайёр намудани кадрҳо дар бахши иқтисод, меҳмондорӣ ва туризм, суғурта ва дар дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.