Роҳбари АНМН таъсиси «ҳалқаи зиддимухаддиротӣ»-ро таъкид кард

Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар Мулоқоти сеюми сатҳи вазирони корҳои хориҷии ташаббуси Паймони Париж бахшида ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ширкат варзид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар […]

asia+, asia+


Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар Мулоқоти сеюми сатҳи вазирони корҳои хориҷии ташаббуси Паймони Париж бахшида ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ширкат варзид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни чорабинии номбурда ҳайатҳои 55 кишвар, аз он ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҳамсояҳои Афғонистон, инчунин намояндагони 23 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҷонибдориашонро ҷиҳати иқдомҳои минбаъда баҳри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳо аз Афғонистон арзёбӣ карданд.

 Раҳбари ҳайати Тоҷикистон Р. Назаров дар суханрониаш мавқеи Ҳукумати кишварро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории самарабахш миёни СММ, Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя иброз дошт. Р. Назаров таваҷҷӯҳи ҳозиринро бори дигар ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳри таъсис додани «ҳалқаи зиддимухаддиротӣ» дар атрофи Афғонистон, таҳияи Барномаи ягонаи мубориза алайҳи маводи мухаддир барои кишвари ҳамсоя таҳти сарпарастии СММ ва барпо кардани Анҷумани сарони кишварҳо ва созмонҳои дахлдор дар давоми соли равон ҷалб кард.

 Дар анҷоми чорабинӣ Эъломия доир ба хулосаҳо ва иқдомҳои минбаъдаи муштараки кишварҳои минтақа ва СММ дар ин росто қабул гардид. Дар Эъломия ба таври вежа даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирӣ ва расонидани кӯмаки амалӣ ба Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолият дар самти рафъи қочоқи маводи мухаддир ба амал оварда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.