Дархости тезонидани корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Қайроққум аз БАТР

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҷиҳати баррасии масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» бо Раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон ҷаноби Улф Хиндстром ва бонкдори намояндагии мазкур Фирӯз Қатаев вохӯрӣ доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҷиҳати баррасии масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» бо Раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон ҷаноби Улф Хиндстром ва бонкдори намояндагии мазкур Фирӯз Қатаев вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо ҳалли як қатор масъалаҳои марбутаи татбиқи лоиҳаи зикршударо муҳокима намуда, баён намуданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар мувоффиқанамоӣ ва пазируфтани Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа  чораҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 №280 тасдиқ шудааст, ворид мебошад ва татбиқи он аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ки аз ҳисоби маблағҳои грантиву қарзии Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ хоҳад шуд, баррасӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.