Суғд: Нашъаҷаллоб ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Дар вилояти Суғд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Хуҷанд ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Рафиқ Исматови 30-сола соли 2006 ба ҷурми содир намудани ҳамин ҷиноят ба муддати 6 соли зиндон маҳкум шуда, вале худи ҳамон сол тибқи қонуни афв ба озодӣ баромада буд. Раиси мурофиаи судии мазкур муовини раиси […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини шаҳри Хуҷанд ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Рафиқ Исматови 30-сола соли 2006 ба ҷурми содир намудани ҳамин ҷиноят ба муддати 6 соли зиндон маҳкум шуда, вале худи ҳамон сол тибқи қонуни афв ба озодӣ баромада буд.

Раиси мурофиаи судии мазкур муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, суд ӯро дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 200, қ. 4 (Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади ба каси дигар додан) ва 289, қ 2 (Қочоқ, интиқоли маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ тавассути марз) гунаҳкор дониста, ба муддати 15 сол бо мусодираи амвол равонаи зиндон кард. Бо истифодаи аз қонуни афв муҳлати ҷазо ду сол кам карда шуд.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2010 Исматов тавассути хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Маскав 1,8 кило героинро ба пойтахти Русия интиқол доданӣ будааст. Барои интиқоли маводи нашъаовар ӯ ду зан – шаҳрвандони Қирғизистонро истифода кардааст. Зимни азназаргузаронии гумрукӣ занҳо боздошт шуда, маводи нашъаовар аз дохили либоси онҳо дарёфт мегардад.

Пас аз ин ҳодиса Исматов дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, таҳти пайгарди қонунӣ эълон гардида буд. Моҳи июни соли 2011 ӯ аз ҷониби мақомоти инизомии Қазоқистон боздошт шуд.

Парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Қирғизистон дар суди ноҳияи Шаҳристон баррасӣ шуд. Раиси суди ноҳияи мазкур Хуршед Сангинов дар робита ба ин масъала гуфт, ҳарду зан – Гулчеҳра Турбахунова ва Қуйсин Холиқова моҳи ноябри соли 2010 ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуда буданд ва айни замон тибқи қонуни афв озод карда шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.