Баррасии масоили марзӣ миёни Душанбеву Тошканд

Рӯзҳои 20-22-юми феврали соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба он зиёда аз 25 нафар намояндагони вазорату идораҳои […]

Аваз Юлдошев


Рӯзҳои 20-22-юми феврали соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба он зиёда аз 25 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд, муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов сарварӣ хоҳад кард.

«Ҳайати Ӯзбекистон тавассути қатора ба Душанбе меояд», – зикр кард манбаъ.

Зикр мегардад, ки ҳайати Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров роҳбарӣ хоҳад кард.

Масофаи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1,2 ҳазор километрро ташкил дода, то имрӯз ҳудуди 80%-и он муайян карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.