Чанде қабл сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Ширкати ҳавопаймоии Қатар (Qatar Airways) Акбар Ал Бокир вохӯрӣ намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки масъалаи ташкили хатти парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ниҳоят зарур ҳисобида мешавад. Вобаста ба ҳалли ин масъала Акбар Ал Бокир таъкид кард, ки барои иҷрои ин амал ширкати онҳо тамоми имкониятро дорад ва ҷиҳати ҳалли он кӯшиш хоҳад намуд.
Сипас Акбар Ал Бокир дар бораи Ширкати ҳавопаймоии Қатар маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки ҳоло ширкат дорои 107 ҳавопаймои муосир буда, дар ояндаи наздик боз 200 ҳавопаймои навро мавриди истифода қарор хоҳад дод. Мувофиқи иттилои ӯ дар ширкат мутахассисон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла як нафар тоҷикистонӣ, фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар Давҳа мулоқоти Зубайдулло Зубайдов бо Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд доир гардид.
Дар сӯҳбат Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар иброз дошт, ки ҷониби Қатар барои ба роҳ мондан ва инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша омода мебошад.
Сафир З. Зубайдов изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон низ хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Қатар, хусусан дар соҳаи маориф аст.
Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд тазаккур дод, ки омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Аз ин лиҳоз, ӯ таклиф намуд, ки сафарҳои кории устодони таълимгоҳҳо ва кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи муфид ба кишварҳои ҳамдигар ташкил карда шаванд.



