Дар Маскав Маркази фарҳангии «Хайём» боз шуд

Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав бо иштироки намояндагони ҳукумати Русия, вакилони Думаи давлатӣ, мақомоти шаҳрдории Маскав ва сафорати Тоҷикистон дар Русия маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангии «Хайём»-и тоҷикон баргузор гардид. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, зимни суханрониҳо дар маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, собиқ раиси Думаи давлатӣ Геннадий Селезнев […]

Аваз Юлдошев


Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав бо иштироки намояндагони ҳукумати Русия, вакилони Думаи давлатӣ, мақомоти шаҳрдории Маскав ва сафорати Тоҷикистон дар Русия маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангии «Хайём»-и тоҷикон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, зимни суханрониҳо дар маросими мазкур сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, собиқ раиси Думаи давлатӣ Геннадий Селезнев ва собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов изҳори боварӣ карданд, ки маркази фарҳангии тоҷикон таҷассумгари расму оин ва фарҳанги қадимаи мардуми Тоҷикистон дар пойтахти Русия гардида, ба таҳкиму густариши муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Дар маросими ифтитоҳи марказ ҳамчунин намоишгоҳи офаридаҳои мусаввирони тоҷик низ ба маърази тамошо гузошта шуда, овозхонони маъруфи тоҷик – Далер Назаров, Исматулло Холов ва Равил Фасаҳов хотири ҳозиринро бо таронаҳои марғубу дилишин болида гардониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.