Муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми сарвазири Узбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимовро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хатти […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми сарвазири Узбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимовро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Узбекистон дар қитъаҳои баҳсноки он баррасӣ шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба маҷмўи масоили дигари вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни ҳамсоягӣ ва муносиботи дўстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбии худро меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.