Эълони тендер ба коркарди як қатор конҳои кишвар

Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди як катор конҳои бузурги канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ тендери байнулмилалӣ эълон карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон ҳукумат ният дорад, оид ба дастрас кардани ҳукуқи коркарди конҳои «Чоре» ва «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ тендери байнулмилалӣ баргузор намояд. Бино ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди як катор конҳои бузурги канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ тендери байнулмилалӣ эълон карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон ҳукумат ният дорад, оид ба дастрас кардани ҳукуқи коркарди конҳои «Чоре» ва «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ тендери байнулмилалӣ баргузор намояд.

Бино ба иттилои манбаъ, кони «Чоре» кони тилову маъдан буда, кони «Канчоч» аз захираҳои тило, сурма, нуқра, симоб ва дигар канданиҳои фоиданок бой аст.

Ғайр аз ин, таъкид намуд манбаъ, ҳамчунин соли равон баргузор намудани тендерҳои байнулмилалӣ оид ба дастрас кардани ҳуқуқи баргузор намудани корҳои иктишофиву геологӣ дар конҳои «Гумас» ва «Икар» дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ба накша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, кони «Гумас» воқеъ дар ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи никел ва мису платина буда, кони «Икар» бо захираҳои ғании тило, волфрам ва мис начандон дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.