Шумори нозирони БДА дар Хуҷанд зиёд мешавад

Шумори нозирони Бозрасии давлатии автомбилӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёд карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори БДА-и ШКД-и шаҳри Хуҷанд Зокир Шарифов хабар дод, дар робита ба афзудани  шумори воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳр, аз ҷумла аз ҳисоби автомашинаҳои ба шаҳр воридшаванда, аз маъмурияти шаҳр дархост шуд, ки штати иловагии нозирони БДА ҷудо карда шавад. […]

Бахтиёр Валиев


Шумори нозирони Бозрасии давлатии автомбилӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёд карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори БДА-и ШКД-и шаҳри Хуҷанд Зокир Шарифов хабар дод, дар робита ба афзудани  шумори воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳр, аз ҷумла аз ҳисоби автомашинаҳои ба шаҳр воридшаванда, аз маъмурияти шаҳр дархост шуд, ки штати иловагии нозирони БДА ҷудо карда шавад.

«Дархост қонеъ гардида, 6 штати нави нозирони БДА ҷудо карда шуд. Чанде қабл барои ишғоли вазифаҳо дар ин штатҳо озмун гузаронида шуд. Қабла аз ҷудо гардидани штатҳои иловагӣ шумори нозирони БДа дар шаҳри Хуҷанд 21 нафарро ташкил медод», – гуфт ӯ.

Ба қавли Шарифов, бинобар сабаби кам будани автомашинаҳои хидматӣ, нозирон асосан «пиёда» дар дидбонгоҳҳо фаъолият мекунанд. «Шумори дидбонгоҳҳои сайёри БДА дар шаҳри Хуҷанд 10-торо ташкил дода, дар як шабонарӯз нозирони БДА дар се баст фаъолият мекунанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.