Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону ХБА дар Вазорати молия

Дар Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷиддинов бо роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Тодд Шнайдер масоили ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ, хароҷот ба этиёҷоти иҷтимоӣ, қарзҳои дохилӣ, андешидани чораҳо оид ба афзудани даромад […]

Виктория Наумова


Дар Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷиддинов бо роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор Тодд Шнайдер масоили ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ, хароҷот ба этиёҷоти иҷтимоӣ, қарзҳои дохилӣ, андешидани чораҳо оид ба афзудани даромад ва сиёсати умумии молиявиро баррасӣ карданд.

Дар рафти вохӯрӣ Т.Шнайдер оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои пешгӯишавандаи сиёсати фискалӣ ва макроиқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳоии сиёсати андозбандӣ, аз ҷумла таҳияи Кодекси нави андоз, ҳолат ва дурнамои пардохти қарзи беруна, мувофиқи мақсад будани роҳандозии низоми ягонаи хазинадорӣ ва сатҳу сифати муносибатҳои кишвар бо созмонҳои дигари байнулмилалии молиявӣ ва ташкилотҳои бонкӣ табодули афкори судманд намуданд.

Вазири молияи Тоҷикистон ба роҳбари гурӯҳи ХБА барои ҳусни тафоҳум ва дастгирӣ миннатдорӣ баён карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба бо ХБА дар ҳоли рушди доимӣ қарор хоҳанд дошт.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ХБА ахири ҳафтаи гузашта ҷиҳати баргузории Гузориши шашум ва охирини рафти иҷрои қарордоди сесола бо Тоҷикистон дар доираи барномаи «Механизми қарзии васеъ» бо сафари дуҳафтаина ба Тоҷикистон ташриф овард. Тибқи ин барнома ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 165 млн. доллари ИМА пешбинӣ мешавад. Ин воситаҳо ҷиҳати дастгирии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии кишвар ба ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд. Барномаи сесолаи «Механизми қарзии васеъ» аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА моҳи апрели соли 2009 маъқул шуморида шуда буд.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Тоҷикистон аллакай 141 млн. $ маблағ гирифта, қисмати ахири он дар ҳаҷми тақрибан 24 млн. доллари ИМА то моҳи апрели соли равон дастрас карда мешавад. Меъёри фоизии ин қарзҳо ба сифр баробар буда, қарз ба муддати 10 сол бо давраи имтиёзноки панҷсола пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.