Норозигии вазири маориф аз кори ноширон

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуридин Саидов дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони нашриётҳо онҳоро барои иҷро накардани шартҳои ӯҳдадорӣ бо вазорат мавриди интиқод қарор дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, вазир ба онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон оид ба нашри китобҳои дарсӣ то 2-юми март муҳлат дод. Дар ҳамин ҳол, вазир хотирррасон намуд, […]

Аваз Юлдошев


Вазири маорифи Тоҷикистон Нуридин Саидов дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони нашриётҳо онҳоро барои иҷро накардани шартҳои ӯҳдадорӣ бо вазорат мавриди интиқод қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, вазир ба онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон оид ба нашри китобҳои дарсӣ то 2-юми март муҳлат дод.

Дар ҳамин ҳол, вазир хотирррасон намуд, ки аз 31 номгӯй китоби дарсӣ, ки дар 18 нашриёт бояд ба чоп мерасиданд, ҳамагӣ се номгӯй омода гардида, боқимонда қисман ё пурра чоп нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Н.Саидов таваҷҷуҳи намояндагони нашриётро ба он ҷалб сохтааст, ки муҳлати иҷрои қарордодҳо оид ба нашри китобҳои дарсӣ қариб шаш моҳ пеш ба охир расидаанд.

«Дар идома вазир таъкид кард, ки ҳангоми ба тавозуни вазорат қабул кардани китобҳои чопшуда, ба сифати нашри онҳо диққати ҷиддӣ дода хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.