Баррасии ифтитоҳи хатти парвози мустақим миёни Тоҷикистону Қатар

Чанде қабл сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Ширкати ҳавопаймоии Қатар (Qatar Airways) Акбар Ал Бокир вохӯрӣ намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки масъалаи ташкили хатти парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ниҳоят зарур ҳисобида мешавад. Вобаста […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Ширкати ҳавопаймоии Қатар (Qatar Airways) Акбар Ал Бокир вохӯрӣ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки масъалаи ташкили хатти парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ниҳоят зарур ҳисобида мешавад. Вобаста ба ҳалли ин масъала Акбар Ал Бокир таъкид кард, ки барои иҷрои ин амал ширкати онҳо тамоми имкониятро дорад ва ҷиҳати ҳалли он кӯшиш хоҳад намуд.

Сипас Акбар Ал Бокир дар бораи Ширкати ҳавопаймоии Қатар маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки ҳоло ширкат дорои 107 ҳавопаймои муосир буда, дар ояндаи наздик боз 200 ҳавопаймои навро мавриди истифода қарор хоҳад дод. Мувофиқи иттилои ӯ дар ширкат мутахассисон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла як нафар тоҷикистонӣ, фаъолият доранд.

Ҳамчунин дар Давҳа мулоқоти Зубайдулло Зубайдов бо Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд доир гардид.

Дар сӯҳбат Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар иброз дошт, ки ҷониби Қатар барои ба роҳ мондан ва инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша омода мебошад.

Сафир З. Зубайдов изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон низ хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Қатар, хусусан дар соҳаи маориф аст.

Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд тазаккур дод, ки омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Аз ин лиҳоз, ӯ таклиф намуд, ки сафарҳои кории устодони таълимгоҳҳо ва кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи муфид ба кишварҳои ҳамдигар ташкил карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.