Хатлон: Ҳукми суд ба ду нафар аъзои ҲИӮ


Суди ноҳияи Қубодиён нисбат ба ду нафар сокинони маҳаллӣ, ки ба узвият дар созмони ифротгарои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста мешуданд, ҳукм содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, раиси суди ноҳия Давлатманд Раҳимов хабар дод, суд сокинони маҳаллӣ Акмал Ращшидов ва Иброҳим Қурбоновро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили гурӯҳи ҷинояткор) ва 307, прим. 3, қ. 2 (Ташкили созмони экстремистӣ) айбдор дониста, онҳоро мутаносибан ба муддати 9 ва 8,5 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Аммо дар ҷарайни мурофиа ҳарду судшаванда ҳам айбро эътироф накарданд. Вакилони мудофеи онҳо низ аз суд дархост карданд, ки зерҳимояи онҳо аз рӯйи ҳарду модда бегуноҳ эътироф карда шаванд.

Ба гуфтаи судя, ҷонибҳо ҳуқуқ доранд, ки дар муддати 10 рӯз аз болои ҳукми суд шикоят кунанд.

Ёдрас мекунем, ки  мурофиаи судӣ нисбат ба Акмал Рашидов ва ҳамдеҳаи ӯ Иброҳим Қурбонов 15-уми феврал оғоз гардида буд.

Ҳарду ба узвият дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) гумонбар дониста мешаванд. Суди сайёр таҳти раёсати раиси суди ноҳия дар маркази ҷамоати Янгийӯл, ки айбдоршавандагон сокинони деҳаи Қизил Нишони ин ҷамоат мебошанд, ҷараён дорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Убайдулло Орзуев зимни қироати қисмати айбдории парванда зикр кард, ки моҳи майи соли гузашта Акмал Рашидов аз телефони ҳамроҳи ҳамдеҳааш Нусратулло Абдуллоев сабтҳои марбут ба таблиғоти афкори ҲИӮ ва акси пешвои ин созмон Муҳаммадтоҳир Фаррухро ба телефони худ ворид намудааст. Абдуллоев ба ӯ пешниҳод кардааст, ки ба сафи ҲИӮ шомил шуда, ҳамроҳ ба Афғонистон раванд. Вале он замон танҳо Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо ба кишвари ҳамсоя рафтаанд.

Аввали моҳи август Рашидов аз телефони ҳамроҳи дигар ҳамдеҳааш Нуралӣ Атохоҷаев сабтҳои аудиоӣ бо даъватҳои ҲИӮ ва аксҳои иловагии пешвои ҳаракатро ба телефони худ ворид намудааст. Сипас ӯ ин аксу сабтҳоро ба телефони ҳамроҳи табиби ҳамкораш Бахтиёр Саидов гузаронида, аз ӯ низ даъват мекунад, ки ба сафи ҲИӮ шомил гардад. Баъди чанде онҳо ба ҳамдигар дискҳои суханронии пешвои ҲИӮ-ро пешниҳод карда, ба таблиғи аъзои нав оғоз мекунанд.

Рӯзи 15-уми апрели соли гузашта кормандони раёсати вилоятии КДАМ Акмал Рашидовро боздошт намуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти ӯ 12 компакт-дискҳое дарёфт мекунанд, ки қисмате аз онҳо хусусияти ифротгароӣ доштанд.

Ҳарду айбдоршавандагон худро гунаҳкор намешуморанд. Ҳангоми пурсиш Акмал Рашидов таъкид кард, ки ӯ Нусратулло Абдуллоевро ҳамчун ҳамдеҳааш намешиносаду бо ӯ ягон кори умумие ҳам надоранд. «Ман аз ӯ ягон супориш ё сабтҳои телефонӣ нагирифтаам. Ҳамчунин ман огаҳ нестам, ки чӣ гуна дар телефони ҳамкори ман ин сабтҳо пайдо шудаанд. Дуруст аст, ки ман аз Нуралӣ Атохоҷаев якчанд компакт-диск гирифтам, вале намедонистам, ки он хусусияти ифротгароӣ дорад. Ҳатто то замони боздошт огаҳӣ надоштам, ки ҲИӮ созмони ифротгаро аст. Гумон доштам, ки дар сабтҳо мавъизаҳои оддии динӣ мавҷуданд», – изҳор кард Акмал Рашидов.

Ҳамчунин сокини деҳаи Қизил Нишон Бахтиёр Умаров низ дар узвият ба ҲИӮ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон боздошт шуда, рӯзи 3-юми феврал ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное