Густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса

Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири  Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабианӣ мулоқот орост. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, омӯзиши таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ, рушди туризм, истеҳсоли атриёт ва ҷалби сармоя ба ин […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири  Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Анри Зиппер де Фабианӣ мулоқот орост.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, омӯзиши таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ, рушди туризм, истеҳсоли атриёт ва ҷалби сармоя ба ин соҳаҳо аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишаванда дар мулоқоти Шариф Раҳимзода бо Анри Зиппер де Фабианӣ маҳсуб гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Фаронса каме бештар аз 2,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 45% камтар аст. Соли 2011 аз Тоҷикистон ба Фаронса дар ҳаҷми 16 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.