Ифтитоҳи ду корхонаи коркарди нафт дар Суғд

Соли равон дар вилояти Суғд ифтитоҳи ду корхонаи коркарди нафт дар назар аст. Онҳо ба коркарди нафте, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ истихроҷ мешавад, машғул хоҳанд шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои зикршуда, шумори корхонаҳои коркарди нафт […]

Бахтиёр Валиев


Соли равон дар вилояти Суғд ифтитоҳи ду корхонаи коркарди нафт дар назар аст. Онҳо ба коркарди нафте, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ истихроҷ мешавад, машғул хоҳанд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои зикршуда, шумори корхонаҳои коркарди нафт дар вилояти Суғд ба се адад мерасад.

Айни замон дар вилояти Суғд танҳо корхонаи коркарди нафти «Шоҳон» фаъолият дорад, ки дар ноҳияи Конибодом ҷойгир аст. Соли гузашта ин корхона 292 тонна бензин, 1750 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 5250 тонна мазут истеҳсол кард. Айни замон корхона фаъолият намекунад. Сохтмони яке аз корхонаҳои коркарди нафти зикршударо моликони «Шоҳон шурӯъ менамоянд.

Корхонаи дигарро соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз мекунанд. Тибқи маълумоти манбаи огаҳ, ин як корхонаи хурде хоҳад буд, ки дар як шабонарӯз то 2 тонна бензин истеҳсол хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.