Мувофиқаи хатти марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзҳои 20-2-юми феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба муайян кардани хатти гузариши марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба […]

Аваз Юлдошев


Рӯзҳои 20-2-юми феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба муайян кардани хатти гузариши марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, 84%-и хатти гузариши марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай мувофиқа шуда, бо Шартнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатӣ аз соли 2002 тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин бобати минбаъд баррасӣ намудани лоиҳаи Шартнома дар бораи танзими ниҳоии хатти гузариши марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.