Раҳоии ҳудуди 100 нафар аз асорати тарма

Айни замон аз 200 нафари дар асорати тарма дар ағбаи Анзоб қарордошта ҳудуди 100 нафарашон ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, раҳоии шахсони боқимонда дар асорати тармаро гурӯҳҳои зудамали КҲФ имрӯз пурра ба анҷом расониданианд. Ба гуфтаи вай, […]

Аваз Юлдошев


Айни замон аз 200 нафари дар асорати тарма дар ағбаи Анзоб қарордошта ҳудуди 100 нафарашон ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, раҳоии шахсони боқимонда дар асорати тармаро гурӯҳҳои зудамали КҲФ имрӯз пурра ба анҷом расониданианд.

Ба гуфтаи вай, алҳол ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаҳои Анзобу Шаҳристон дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва ағбаи Хобуробот дар роҳи водии Рашт ва ВМКБ манъ аст.

Нозимов гуфт, рӯзи чоршанбе аз офати табиӣ хоҷагии қӯтоспарварии ба номи Аслиддинови ноҳияи Айнӣ хисорот бардошт. Дар ин ҷо 12 қӯтос зери тарма мондаанд.

Ғайр аз ин, бар асари боришоти зиёди барф дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 5 манзили зист қисман хароб гардлида, дар ноҳияи Вахш бинои ду мактаб дар вазъи садамавӣ қарор доранд.

Тибқи омори расмӣ, бар асари боришоти зиёди барф тайи моҳи ахир дар ҷумҳурӣ, ки ба офатҳои табиӣ боис гардид, як нафар ҳалок гардида, садҳо тан бесарпаноҳ монданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.