Омодагии эрониён ба бунёди шаҳраки саноатӣ дар Тоҷикистон

Эрон ба бунёди шаҳраки махсуси саноатӣ дар Тоҷикистон омода аст. Дар ин хусус зимни конфронси серӯза таҳти унвони «Ҳамоиши шароити сармоягузории эрониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ибрози андеша карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни конфронс зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Эрон ба бунёди шаҳраки махсуси саноатӣ дар Тоҷикистон омода аст. Дар ин хусус зимни конфронси серӯза таҳти унвони «Ҳамоиши шароити сармоягузории эрониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ибрози андеша карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни конфронс зикр гардид, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми мсуомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон то 50% афзуд.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳамидуллохон Фақеров изҳор кард, ки соли гузашта ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни ду кишвар 215 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, Эрон аз рӯйи ҳаҷми додугирифти молӣ бо Тоҷикистон пас Русияву Чин мақоми севумро ишғол менамояд.

«Ҳамасола афзоиши ҳаҷми сармоягузории Эрон ба бахшҳои барои Тоҷикистон афзалиятнок, аз қабили саноату энергетика, тиҷорату соҳибкорӣ ва фарҳангу маориф ба мушоҳида мерасад», – гуфт Фақеров.

Гуфта мешавад, дар конфронс ҳамҷунин масъалаи бунёди шаҳракҳои махсуси саноратӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Эрон баррасӣ шуд, ки Эрон омодагии худро ба он изҳор кард. Таҷрибаи бунёди чунин шаҳракҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Эрон низ амалӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди нахустин шаҳраки саноатӣ дар кишвар 100 гектар замин ҷудо карда, сохтмони он пас аз дақиқан баррасӣ шудани ҳуҷҷатҳо оғоз мегардад. Бунёди шаҳрак дар муддати се сол ба нақша гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Эрон дар назар аст. Ҳамоиши мазкур то 24 феврали соли равон идома хоҳад кард.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.