Локомотивҳои нави истеҳсоли Қазоқистон ба Тоҷикистон расиданд

Date:


Ду локомотиви нави истеҳсоли Қазоқистон, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фармоиш дода шудааст, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Ба гуфтаи муовини сардори корхонаи мазкур Владимир Собкалов, моҳи ноябри соли гузашта идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи барои Тоҷикистон тайёр кардани шаш локомотив бо тарзи истеҳсоли консерни амрикоии «GeneralElectric» дар Остона қарордод ба имзо расониданд. «Локомотивҳо дар се марҳила – дуто дар моҳи феврал ва чорто дар моҳи март ба Тоҷикистон расонида шуда, ба ихтиёри истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-1, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд вогузор мегарданд», – гуфт вай.

Бино ба маълумоти идораи «Роҳи оҳани Қазоқистон аллакай чор локомотив аз ин фармоиш омода гардида, бадана (корпус)-и вагонкашҳо бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...