Ҳукми 20 соли зиндон ба як духтари 21-солаи суғдӣ

Date:


Додгоҳи вилояти Суғд як духтари 21-соларо барои куштори бераҳмона ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба сокини 21-солаи ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Хорисоваро ба анҷом расонид.

Додгоҳ Р.Хорисоваро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ оиди содир шудани ҷиноят), 104, қ. 2 (Куштани шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) ва 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 20 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Як манбаъ дар додгоҳи вилоятӣ гуфт, асли қазия ин аст, ки маҳкумшуда Р.Хорисова бо як сокини ноҳияи Истаравшан ишқварзӣ мекардааст. Баъди чанде ӯ дарак меёбад, ки падару модари ҷавон ӯро ба духтари дигар хонадор карданианд. Пас аз кӯшишҳои чандинкаратаи бебарори гуфтугӯ бо онҳо, тасмим мегирад, ки дилдодаи худро ба қатл мерасонад.

Шоми 26-уми августи соли гузашта дар даст табар ӯ вориди хонаи ҷавон мешавад. Чун мебинад дар яке аз хонаҳо марде хоб аст, гумон мекунад, ки ӯ дилдодаааш аст ва чанд маротиба ба сари ӯ бо табар зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аммо он марди хобида на дилдодааш, балки падари 54-солаи ҷавон буд, ки аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...