Ҳукми 20 соли зиндон ба як духтари 21-солаи суғдӣ

Додгоҳи вилояти Суғд як духтари 21-соларо барои куштори бераҳмона ба 20 соли зиндон маҳкум намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба сокини 21-солаи ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Хорисоваро ба анҷом расонид. Додгоҳ Р.Хорисоваро дар […]

Мавлуда Рафиева


Додгоҳи вилояти Суғд як духтари 21-соларо барои куштори бераҳмона ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба сокини 21-солаи ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Хорисоваро ба анҷом расонид.

Додгоҳ Р.Хорисоваро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ оиди содир шудани ҷиноят), 104, қ. 2 (Куштани шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) ва 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 20 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Як манбаъ дар додгоҳи вилоятӣ гуфт, асли қазия ин аст, ки маҳкумшуда Р.Хорисова бо як сокини ноҳияи Истаравшан ишқварзӣ мекардааст. Баъди чанде ӯ дарак меёбад, ки падару модари ҷавон ӯро ба духтари дигар хонадор карданианд. Пас аз кӯшишҳои чандинкаратаи бебарори гуфтугӯ бо онҳо, тасмим мегирад, ки дилдодаи худро ба қатл мерасонад.

Шоми 26-уми августи соли гузашта дар даст табар ӯ вориди хонаи ҷавон мешавад. Чун мебинад дар яке аз хонаҳо марде хоб аст, гумон мекунад, ки ӯ дилдодаааш аст ва чанд маротиба ба сари ӯ бо табар зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Аммо он марди хобида на дилдодааш, балки падари 54-солаи ҷавон буд, ки аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...