Суғд: Ба 140 нафар шогирдони курсҳои омӯзишӣ шаҳодатнома супурда шуд

Date:


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар маркази омӯзиши кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ, ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилояти Суғд воқеъ аст, ба 140 нафар шогирдони курси омӯзиши дӯзандагӣ ва бофандагӣ  шаҳодатномаи хатм супориданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар чорабинӣ аз раёсати кумита – Акбари Миршикор, мудири кулли мададкори кумита оғои Парпанҷӣ, раиси кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ ва намояндагони ахбори умум иштирок доштанд.

Дар  давоми се моҳ духтарон аз қишри ниёзманди ҷомеа бо омӯзиши ҳунари дӯзандагиву бофандагӣ машғул шуда, ин касбро ба пуррагӣ фаро гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони Имдод барои фарзандони оилаҳои ниёзманд курсҳои омӯзишӣ фаъолият мекунад.

Дар оянда  аз тарафи ин созмон таъсиси  ин гуна курсҳо дар навоҳии Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Табошар дар назар аст. Барои ҳунарҷӯёни шаҳри Хучанд бошад,  таълими ҳунарҳои кафшергарӣ, устои барқ, симкашии автомобил ва сантехникӣ ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...