Ҳабси соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев дар вилояти Маскав

Суди шаҳри Шелковски вилояти Маскав бобати то 28-уми апрел ба ҳабс гирифтани соҳибкори тоҷик ва собиқ вакили мардумӣ Низомхон Ҷӯраев қарор содир намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти суди вилояти Маскав, Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба дуздии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ва созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша муттаҳам дониста мешавад. Хабаргузории РИА Новости менависад, […]

ASIA-Plus


Суди шаҳри Шелковски вилояти Маскав бобати то 28-уми апрел ба ҳабс гирифтани соҳибкори тоҷик ва собиқ вакили мардумӣ Низомхон Ҷӯраев қарор содир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти суди вилояти Маскав, Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба дуздии воситаҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ва созмон додани гурӯҳи ҷиноятпеша муттаҳам дониста мешавад.

Хабаргузории РИА Новости менависад, мутобиқи маълумоти мақомоти интизомии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёвии «Кимиё»-и ноҳияи Исфара Низомхон Ҷӯраев гурӯҳи ҷиноятпешае созмон дода, ки аъзои он ба қатли муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Толиб Бобоев дар соли 1999 даст доранд. Онҳо ҳамчунин ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ғайра айбдор карда мешаванд.

Муфаттишони Тоҷикистон муайян намудаанд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба давлат дар ҳаҷми 38 млн. сомонӣ зарари молӣ расонидааст. Аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур 16 иншооти давлатӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шуда, аллакай ба давлат бозпас баргардонида шудаанд.

Моҳи июни соли 2009 Суди олии Тоҷикистон беш аз 30 тан аз аъзои гурӯҳро ба муддати аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Худи Ҷӯраевро бошад, ҳукумат ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кард.

Моҳи августи соли 2010 бо дархости Душанбе ҳукуматдорони Русия Ҷӯраевро дар шаҳри Маскав боздошт намуда, моҳи феврали соли 2011 Прокуратураи генералӣ бобати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев дархост намуд, ки ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад.

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ба ҳукуматдорони Русия ҷиҳати даст кашидан аз истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон муроҷиат намуд, зеро ӯ дар он ҷо метавонист мавриди шиканҷа қарор гирад.

Ғайр аз ин, зими ҷаласаҳои судӣ дар суди шаҳри Маскав аз ҷониби дифои соҳибкор якчанд нафар шоҳидон пурсида шуда, онҳо роҷеъ ба ҷой доштани ҳолатҳои зиёди шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон изҳор кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.