Қимати нерӯи барқ боз 20 дарсад боло меравад

Аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд. Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст. Айни замон қимати 1 кВт/соат нерӯи барқ […]

Виктория Наумова


Аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд.

Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст. Айни замон қимати 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ ба 9 дирам баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, тарофаҳои нав барои истифодаи нерӯи барқ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2012 тасдиқ шудаанд.

Мутобиқи қарори мазкур, бо назардошти андоз аз арзиши изофа тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ ба аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.

Бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали соли 2010 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.