Аксбардори бадани урёни духтари ноболиғ 3.5 сол ҳабс шуд

Date:


Сокини 17-солаи ноҳияи Тоҷикобод Олимбек Одилов барои аксбардории урёни духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди ноҳия Даврон Абдураҳимов хабар дод, судшаванда духтари ноболиғеро бо роҳи фиреб ба хонаи худ оварда, бо роҳи зӯриву таҳдид бадани урёни ӯро дар телефони ҳамроҳаш аксбардорӣ намудааст.

Аксҳои дар ҳолатхои гуногун сабтшударо ӯ дар хотираи телефон нигоҳдорӣ кардааст. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ О.Одилов ин амали худро «рафтори беақлона» унвон кард.

Бо ҳалномаи суд Одилов мутобиқи моддаҳои 87 (Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда  мешаванд) ва 139 (Ҳаракати


зўроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) –и КҶ ҶТ ба муҳлати 3,5 соли зиндон маҳкум гардид.

Ба гуфтаи судя, дар чунин ҳолатҳо аз маҳкумшуда ҳамчунин ҷуброни маънавӣ талаб мекунанд, вале бо назардошти маҳрамияти ин қазия ва таъсири манфии минбаъдаи он ба ҳаёти духтари ноболиғ, волидон танҳо ба ҳабси ҷавобгар қаноат намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...