Порнографи ҳаваскор 3.5 сол ҳабс шуд

Сокини 17-солаи ноҳияи Тоҷикобод Олимбек Одилов барои аксбардории порнографии духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди ноҳия Даврон Абдураҳимов хабар дод, судшаванда духтари ноболиғеро бо роҳи фиреб ба хонаи худ оварда, бо роҳи зӯриву таҳдид бадани урёни ӯро дар телефони ҳамроҳаш аксбардорӣ намудааст. Аксҳои дар ҳолатхои гуногун сабтшударо ӯ дар […]

Ҷамшеди Фозил


Сокини 17-солаи ноҳияи Тоҷикобод Олимбек Одилов барои аксбардории порнографии духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди ноҳия Даврон Абдураҳимов хабар дод, судшаванда духтари ноболиғеро бо роҳи фиреб ба хонаи худ оварда, бо роҳи зӯриву таҳдид бадани урёни ӯро дар телефони ҳамроҳаш аксбардорӣ намудааст.

Аксҳои дар ҳолатхои гуногун сабтшударо ӯ дар хотираи телефон нигоҳдорӣ кардааст. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ О.Одилов ин амали худро «рафтори беақлона» унвон кард.

Бо ҳалномаи суд Одилов мутобиқи моддаҳои 87 (Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда  мешаванд) ва 139 (Ҳаракати


зўроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) –и КҶ ҶТ ба муҳлати 3,5 соли зиндон маҳкум гардид.

Ба гуфтаи судя, дар чунин ҳолатҳо аз маҳкумшуда ҳамчунин ҷуброни маънавӣ талаб мекунанд, вале бо назардошти маҳрамияти ин қазия ва таъсири манфии минбаъдаи он ба ҳаёти духтари ноболиғ, волидон танҳо ба ҳабси ҷавобгар қаноат намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.