Эълони барандагони ҷоизаи ба наоми Лоҳутӣ дар соли 2011


Кумита оид ба ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 натиҷагирӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмуни аз рӯйи чор номинатсия – беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ, беҳтарин маводи телевизионӣ, беҳтарин маводи барномаи радиоӣ, беҳтарин асари илмӣ-таҳқиқотии журналистӣ – дастури таълимӣ оид ба журналистика доир гардид.

Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳуқуқ доштанд. Мавод барои озмун аз ҷониби ташкилотҳои аввалияи ИЖТ ё раёсати муассисаҳои эҷодӣ пешниҳод гардиданд.

Ба феҳристи барандагони ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2011 Фирӯза Саидова (Радиои Тоҷикистон),  Сайёфи Мизроб («СССР»), Абдуқаюми Қаюмзод («Озодӣ»), Абдуғаффори Камол («Ҷаҳоннамо»), Зафар Саидов («Сафина»), Ҷумъа Қувват («Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминии Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (Ҳақиқати Суғд) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик) шомил гардиданд.

Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 17-уми марти соли равон доир мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное