Боздошти мансабдори воломақоми АНМН

Мансабдори воломақоми Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз манбаъҳои мавҷуда дар сохторҳои қудратӣ маълум шуд, сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии АНМН, полковник Равшанбек Мирзоаҳмедов ҳанӯз 10 рӯз пеш боздошт шуда будааст. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, амалиёти боздошти Мирзоаҳмедов аз ҷониби кормандони […]

ASIA-Plus


Мансабдори воломақоми Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз манбаъҳои мавҷуда дар сохторҳои қудратӣ маълум шуд, сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии АНМН, полковник Равшанбек Мирзоаҳмедов ҳанӯз 10 рӯз пеш боздошт шуда будааст.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, амалиёти боздошти Мирзоаҳмедов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамдастӣ бо Прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст. Дар бораи ҷузъиёти дигар маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилои мазкурро на тасдиқ сохтанду на рад карданд.

Моҳи январи соли 2012 зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол директори АНМН Рустам Назаров изҳор карда буд, аз моҳи июни соли 1999 – замони таъсиси Агентӣ оид ба гумони даст доштан дар фасодкорӣ ҳафт корманди АНМН боздошт шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.