Корманди ширкати IRS зери тарма монд

Корманди филиали ширкати Innovative road solutions (IRS) Ниёзқул Қулов ҳангоми тозакунии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ зери тарма монд. Тавре аз филиали ширкати мазкур хабар доданд, санаи 13 марти соли 2012 пас аз гирифтани иттилоъ оиди фаромадани тарма ва баста шудани роҳ дар километри 118-ум усто Н.Қулов ҳамроҳи ронандаи экскаватор А.Ҷумъаев ба маҳалли ҳодиса мераванд. «Дар ҳарду […]

Пайрав Чоршанбиев


Корманди филиали ширкати Innovative road solutions (IRS) Ниёзқул Қулов ҳангоми тозакунии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ зери тарма монд.

Тавре аз филиали ширкати мазкур хабар доданд, санаи 13 марти соли 2012 пас аз гирифтани иттилоъ оиди фаромадани тарма ва баста шудани роҳ дар километри 118-ум усто Н.Қулов ҳамроҳи ронандаи экскаватор А.Ҷумъаев ба маҳалли ҳодиса мераванд. «Дар ҳарду тарафи тарма зиёда аз 10 мошин дармонда буд. Механизаторон роҳро барои гузариши мошинҳо тоза карда, аз пайи васеъ кардани қисми мошингузари роҳ аз барф мешаванд», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳангом тармаи навбатӣ фаромада, экскаваторро зер мекунад ва усто Қулов Ниёзқулро, ки ба кори техника роҳбарӣ мекард, ба ҷарӣ мебарад. Ронандаи экскаватор А.Ҷумъаев осеб надид.

Зикр гардид, ки ҷустуҷўи Қулов Н. аз тарафи кормандони ширкат ва сокинони ноҳияи Айнӣ то ҳол натиҷае надодааст.

Дар ҳамин ҳол, дар филиали ширкат зикр карданд, ки

то ҳанӯз ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барқарор нашудааст.

Ҳамакнун танҳо қитъаи аз километри 69 то 73-юм боқӣ мондааст, ки аз соати 6-00 субҳи имрўз механизаторон корро дар ин қитъа оғоз намуданд. Вале мутахассисон мегўянд бориши барфе, ки дирўз шабона ба амал омада буд, эҳтимоли зиёд боиси тармафароии такрорӣ дар аксари қитъаҳои тозакардашудаи роҳ гардад.

Дар ширкат ҳамчунин гуфтанд, пас аз тоза кардани қитъаи роҳ аз километри 45 то 62-ум гузариши корвони мошинҳоеро, ки теъдодашон зиёда аз 70 адад буду дар мавзеи Майхура қарор доштанд, ба самти Душанбе таъмин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.