Муовини вазири молия Ҷамшед Норинов муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов аз вазифа озод карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 9-уми март ба имзо расида, вазифаи муовини вазири молия, ки Ҷамщед Норинов ишғол мекард, алҳол холӣ аст. Ҷамшед Норинов муовини раиси вилояти Суғд […]

Виктория Наумова


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов аз вазифа озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 9-уми март ба имзо расида, вазифаи муовини вазири молия, ки Ҷамщед Норинов ишғол мекард, алҳол холӣ аст.

Ҷамшед Норинов муовини раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Рӯзи сешанбе раиси вилояти Суғд муовини нави худро ба дастгоҳи ҳукумати вилоят муаррифӣ кард.


Маълумотнома:

Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14-уми декабри соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

солҳои 1983-1988 – нозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Қӯрғонтеппа;

солҳои 1988-1990 – нозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар ноҳияи Коммунистӣ;

солҳои 1990-1993 – сарнозир-тафтишотчии Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Қӯрғонтеппа;

солҳои 1993-1994 – муовини сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон;

солҳои 1994-2001 – сардори Раёсати назорат ва тафтишоти Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон;

солҳои 2001-2006 – сардори Раёсати назорати давлатии молиявии Кумитаи назорати молиявии ҶТ дар вилояти Хатлон;

Аз соли 2006 то 9-уми марти соли 2011 – муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.